Рубрики
Асосӣ

Гулистон: КӮДАКОН БАХТИ МИЛЛАТ

Таҳти ин унвон Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бахшида  ба “Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон” дар толори кохи фарҳанги ташкилоти ибтидоии шаҳраки Адрасмон  чорабинии фарҳангии идона доир намуд.
       Дар чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи шаҳри Гулистон Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода иштирок намуда, кӯдакону наврасонро шодбош намуд ва баҳри онҳо сиҳатмандиву саломатӣ, умри бардавом, сулҳу субот, осмони софу беғубор, хандаи беғубори тифлӣ орзу кард.
      Зимни баромади хеш қайд намуд, ки ғамхории беандозаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  нисбати кӯдакону наврасон  беандоза мебошад. Кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Зеро ба дунё омадани тифл дар ҳар як оила хушбахтиву иқболи нек меорад ва чун зангӯлаи идомаи ҳаёт садо медиҳад.

Дар итмом аз ҷониби раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён ба муносибати рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ба 20 нафар кӯдакони ятиму бепарастор туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуда, инчунин аёдати кӯдакони маъюб низ ба роҳ монда шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *