Рубрики
Мақола

Гулистон: Мақола

Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфоии Ватани азизам садоқатмандона хизмат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам.

                                                                                                    Эмомалӣ Раҳмон

КОНСТИТУТСИЯ – ҲУҶҶАТИ ТАҚДИРСОЗ!

Мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол баробари қабули  Конститутсияи худ озодӣ ва ҳуқуқи инсонро муқаддас ва бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ эълон карда, унсурҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандиро муайян намуданд. Солҳои аввали Истиқлолият мардуми Тоҷикистон ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ сарнавишти худро маҳз тибқи муқаррароти ҳуҷҷати тақдирсоз муайян намуда, самтҳои тараққиёти ҳамаи соҳаҳои зиндагиашро мушаххас гардонид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро  дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ ҳисобидаанд.

Ба шарофати Конститутсия Тоҷикистон ҳамчун субекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ ва халқи тоҷик ҳамчун мардуми бунёдкор ва сулҳпарвару фарҳангӣ шинохта шуд. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу вазифаҳои инсон аз тарафи давлат эътироф ва кафолат дода мешаванд. Тибқи Конститутсия ҳеҷ як мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори давлатӣ ҳуқуқ надорад, ба ягон ваҷҳ, ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрвандонро поймол кунанд. Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро кафолат дода, амният ва ваҳдати миллиро таъмин мекунад. Барои ҳар як шаҳрванд озодии андеша, вичдон, раъю иродат ва озодии фаъолиятхои иқтисодӣ фароҳам оварда шуд. Озодии инсон, истиқлолияти миллат ва давлатдории миллӣ, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадафи олии худ эълом дошта буданд, бо пайравии содиқонаи фарзандони бонангу номуси Ватан ва заҳматҳои шабонарӯзии Сарвари фарзонаи миллат пойдор гардид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *