Тибқи нақшаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ташкилоти ибтидоии ҳизбии «КДБХК (ХМК) Адрасмон» бо иштироки фаъолони ҳизб маҷлиси ҳисоботӣ-итихоботӣ баргузор кард. Маҷлисро раиси ташкилот оғоз намуд ва оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ аз моҳи ноябри соли 2019 то июни соли 2022 ҳисобот дод. Зимни баромад қайд гардид, ки аъзоёни ташкилот ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, татбиқи барномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва корҳои ободониву созандагӣ саҳмгузоранд. Аъзои ҳизб ба музокира баромада, фаъолияти ташкилотро қаноатбахш арзёбӣ намуд.
Бо пешниҳоди фаъолони ҳизб Турсунов Ҳамидҷон Ҳайдарович -сардори КДБХК (ХМК) дар шаҳраки Адрасмон раиси ташкилоти ҳизбии « КДБХК (ХМК) Адрасмон» интихоб гардид. Инчунин дигар масъалаҳои рӯзномаи маҷлис баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.