Мулоқоти навбатии гурӯҳи тарғиботии КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон оид ба корҳои ободонӣ, истифодаи самараноки замин дар майдончаҳои назди ҳавлигӣ ва заминҳои ёрирасон бо сокинони ҷамоати шаҳраки Сирдарё бо усули “хона ба хона” идома дода шуд.
Корманди Кумиҷроияи шаҳрӣ аз истифодаи заминҳои наздиҳавлигӣ аз ҷумла кишти парвариши помидор, булғорӣ, қаламфур, бодринг, картошка ва ҳолати истифодаи заминҳои ёрирасони шаҳрвандон шиносоӣ намуд. Ҳамзамон, оид ба пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайрирасмӣ, бемасъулиятии падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, ӯҳдадориҳои падару модарон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” суханронӣ намуданд.