Дар толори мактаби санъати шаҳри Гулистон даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Мо бо шумоем” бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни наврасони имконияташон маҳдуд дар сатҳи баланд баргузор карда шуд. Дар озмун наврасони синни аз 6 то 18- сола, ки имконияти ҷисмониашон маҳдуд , вале соҳибистеъдод ҳастанд, иштирок намуданд.Дар оғози озмун раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён иштирокчиён ва ҳозиринро бо ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош намуд ва аз дастовардҳои даврони истиқлолият, дастгирии ҷавонону наврасон ёдрас намуд. Баҳри хотирмон баргузор намудани озмун толибилмони мактаби санъати шаҳр низ ҳунарнамоӣ намуданд.Дар ҷамъбасти озмун ба кулли иштирокчиёни ва соҳибистеъдодҳои наврас, ки фаъолона иштирок доштанд, Сипоснома ва мукофотпулӣ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён ба маъмурияти муассисаҳои таълимӣ ва волидони иштирокчиёни озмун барои дастгирии иқдоми Кумиҷроияи марказии ҳизб, ҳамкорӣ барои баргузории даври шаҳрии озмун арзи сипосгузорӣ намуд.
Рубрики