Рубрики
Uncategorized

Гулистон: Мулоқоти судманд бо падару модарон

         Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази тарбиявӣ” муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии гимназияи №1-уми ба номи академик Бобоҷон Ғафурови маркази шаҳр мулоқоти судманд бо падару модарон доир намуд.

        Масъулон мудирони шуъбаи таблиғот ва иттилоот ва бахши занон зимни баромади хеш оид ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти соҳаи маориф, ҷиҳати пешгирии падидаҳои номатлуб, пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ, пешгирии пӯшидани либоси бегона ва тарғибу ташвиқи либоси миллӣ,   ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, одобу рафтори ҷавонон, ҷалб намудани ҷавонон ба зинаи сеюми таҳсилот ва муассисаҳои олӣ, омӯзиши забони давлатӣ, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва тарбия намудани фарзандон дар руҳияи ватандӯсмтиву ватанпарастӣ, худогоҳиву хештаншиносӣ, одоби хамидаи инсонӣ ибрози сухан намуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ, тарғиботиву ташвиқотиро ба роҳ монданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *