Рубрики
Асосӣ

ГУЛИСТОН: Натиҷагирии фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҷмткмм “Апрелевка”

Дар толори ҶМТКММ “Апрелевка” таърихи 21 июни соли 2022 маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҶМТКММ “Апрелевка”-и Кумитаи иҷроияи ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бо иштироки муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии_Тоҷикистон Латифзода Асрор Қурбон, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода, фаъолон ва собиқадорони ҳизб баргузор гардид.

Маҷлисро директори генералии ҶМТКММ “Апрелевка” Маҷидӣ Бахтиёр Саидаҳмадзода ифтитоҳ намуда, иштирокчиёнро бо рӯзномаи маҷлис шинос кард ва оид ба бурду бохти ташкилоти ибтидоӣ аз моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июни соли 2022 ҳисобот дод.

Сипас, Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода-раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон

фаъолияти ташкилоти ибтидоиро дар давраи ҳисоботӣ хуб арзёбӣ намуд гузориш доданд.

Латифзода Асрор Қурбон-муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зимни баромади хеш таъкид кард, ки

яке аз муҳимтарин ҳуҷҷатҳои барномавие, ки дар муддати бисёрсолаҳо дастовардҳои миллиро дар иқтисодиёт, иҷтимоиёт, сиёсат, илм, фарҳанг, маориф ва таъмини амнияти кишвар таҳлил, баррасӣ ва арзёбӣ мекунад Паёми Пешвои муаззами миллат мебошад, ки дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҶМТКММ “Апрелевка”дар амал татбиқи Паём, Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хуб ба роҳ монда шудааст. Ҳаматарафа самтҳои фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҶМТКММ “Апрелевка” натиҷагирӣ намуда, барои фаъолияти минбаъда, ҷиҳати пеш бурдани кори ҳизбиён маслиҳатҳои муфид дод.

Нақшаи фаъолияти кории ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ барои нимсолаи дуюми соли 2022 тасдиқ гардида, раиси ташкилоти ибтидоӣ Маҷидӣ Бахтиёр Саидаҳмадзода таъин гардид. Интихоби вакилон ба Конференсияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон ва масъалаҳои ташкилӣ низ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Дар фарҷоми маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ фаъолон бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон қадрдонӣ карда шуда, фаъолони соҳа ба сафи ҲХДТ қабул гардида, шаҳодатномаҳо дар вазъияти тантанавӣ супорида шуданд.

 

 

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *