Бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим имрӯз бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди СПИД дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази тарбиявӣ” муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дарсҳои кушод, соатҳои тарбиявӣ, мусобиқаи варзишӣ таҳти унвони НЕСТ БОД ВНМО – БПНМ (ВИЧ-СПИД)! ташкил ва баргузор гардид.
Ҳамзамон, намояндаи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази саломатӣ” бо муҳассилини муассисаҳо сӯҳбат ороста, аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки аз ҳар гуна амалҳои ифротӣ ва бемориҳои сироятӣ дур бошанд ва барои ояндаи дурахшони Тоҷикистон саҳми арзандаи хешро гузоранд.