Ҷиҳати иҷрои барқияи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд №58 аз 29.06.2021 оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии COVID-19 аъзоёни гурӯҳи тарғиботчиёни КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монданд. Аъзоёни гурӯҳи корӣ зимни мулоқот ибрози сухан намуданд, ки сабаби асосии паҳншавии бемории сироятӣ риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ, масофаи иҷтимоӣ, бениқоб гаштугузор кардани шаҳрвандон, беэътиноӣ нисбати саломатии худу атрофиён мебошад. Мавҷи навбатӣ ҷаҳонро фаро гирифта, ин раванд ҳанӯз ҳам идома дорад.
Даъват ба амал оварда шуд, ки нисбати саломатии худ ва атрофиён фориғбол набошед, дар ҷойҳои ҷамъиятиву серодам, бозор, маркази савдо, нақлиёти ҷамъиятӣ аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода баред.