Рубрики
Асосӣ Мақола

Гулистон: Номи туро нависем, эй қаҳрамони ваҳдат,

                   Бо оби ноби тилло дар тоқи қасри миллат!

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва такроран солҳои 1999, 2006, 2013, 2020  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  интихоб гардидаанд.

Дар он давраҳои хеле вазнин,  аз 16–уми ноябр то 2 декабри соли 1992 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Ленинобод  Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он тақдири миллати тоҷик ҳал гардида буд. Яроқбадастон кишварро фаро гирифта, иқтисодиёт фалаҷу хазина холӣ гардида, на ҳар кас ҷуръат мекард, ки роҳбарии кишварро ба ӯҳда гирад. Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои барқарор шудани сулҳу Ваҳдати миллӣ дар ҷумҳурӣ ибтидо гузошт. Бо талошҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 5 то 19 апрели соли 1994 дар шаҳри Москва даври аввали гуфтушуниди байни тоҷикон баргузор гардид.

Ниҳоят 27–уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав дар вазъияти тантанавӣ Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид. Бо шарофати ба имзо расидани созишномаи таърихӣ, ба ҷанги хонумонсӯзи бародаркуш низ хотима гузошта шуд.

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки сулҳи тоҷикон обрӯю нуфӯзи ин халқи бостониро дар арсаи ҷаҳон хеле боло бурд ва ин сулҳ манбаи омӯзиши бисёр кишварҳои ҷангзада гашт. Ин ҳама пешрафту муваффақиятҳо натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзӣ, иродаи қавӣ ва хислати ватандӯстии Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҶумҳурТоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб мераванд. Абармарди миллат тавонистанд, миллати парешоншударо сарҷамъ намуда, Тоҷикистонро ба давлати тараққикарда табдил диҳанд. Барои ҳамаи ин хизматҳои бузургашон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таърихи 11 декабри соли 1999 бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони олии “Қаҳрамони Тоҷикистон” мукофотонида шудаанд.
        

Бо дархосту пешниҳоди шаҳрвандони ҷумҳурӣ 8 ноябри соли 2016 бо қарори Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат” қабул гардид ва ба ин мартабаи воло муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сазовор дониста шуд.

Имрӯз ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебояд, ки сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ намуда, барои пешрафу ободонӣ, созандагию бунёдкорӣ, арҷгузории Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот саҳмгузор бошанд. 

Аъзои фаъоли ҳизби КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *