Рубрики
Асосӣ

ГУЛИСТОН: Озмун таҳти унвони “Зан, Модар ҳастии зиндагӣ”

Дар пояи ташкилоти ибтидоии ҳизбии ”Зарчашма” МТМУ рақами 12 бахшида ба Рӯзи Модар чорабинии фарҳангӣ- адабӣ ва озмуни ”Кани духтарон” байни духтарони синфҳои 10-11 гузаронида шуд. Чорабинӣ дар сатҳи баланд баргузор гардид. Намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳорати касбу ҳунари духтарон ба манзури тамошобинон пешкаш карда шуд. Дар озмун 4 даста ширкат намуда, аз рӯйи шартҳои муҳими озмун аз қабилӣ: қироати порчаҳои шеърӣ, ҳусну малоҳат, намоиши либосҳои миллӣ, дастархонороӣ, ҳунарӣ кадбонуӣ, ороиш ва пардоз, хондани суруд ҳунарнамоӣ намуданд.

Мақсад аз баргузории чунин озмун ин муайян намудани чеҳраҳои ҳунарманду чирадаст ва эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ мебошад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *