Рубрики
Uncategorized

ГУЛИСТОН: ОМОДАГӢ ВА ЗАХИРА БАРОИ ЗИМИСТОН

      Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар,  Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҳкими амнияти озуқаворӣ  корҳои  тарғиботиву ташвиқотиро миёни сокинон ба роҳ монд. Зимни корҳои  тарғиботӣ – ташвиқотӣ кормандони масъули ҳизбӣ ба сокинон тавсия доданд, ки барои гузаронидани давраи тирамоҳу зимистони ду соли оянда аз маҳсулотҳои заминҳои наздиҳавлигӣ ва меваҳои тару тоза консер ва ҳаргуна хӯришҳо омода намоянд. Заминҳои наздиҳавлигиро самаранок истифода баранд. Дар сурати истифодаи дурусти замин маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳо таъмин сохта, нарху наво низ муътадил нигоҳ дошта мешавад. Аҳолӣ барои таъмини маводи хӯрока аз сабзавод ва меваҳои тару тоза консер, ҳаргуна хӯришҳо омода ва захира намуда истодаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *