Рубрики
Uncategorized

ГУЛИСТОН: Паём – роҳнамои ояндаи дурахшон

 КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон  ҷиҳати тарғибу ташвиқи  Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,   муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 21.12.2021 ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардид, бо сокинони маҳалла вохӯрии васеъ доир намуд.

       Раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ Муслимахон Ҷамолиён оид ба муҳтавои асосии Паёми Сарвари давлат  зимни суханронии хеш  қайд намуд, ки Паёми Пешвои миллат ҳуҷҷати стратегиест, ки дар заминаи он дигар нақшаву Барномаҳо тарҳрезӣ мегарданд. Паёми имсола нисбат ба солҳои қаблӣ тафоввути калон дошт, зеро ин Паём таҳлилҳои 30 – соли соҳибистиқлолиро дар бар мегирифт. Ҳукумати мамлакат ҳадафҳои стратегии миллӣ, яъне таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани мамлакат ба кишвари транзитӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, саноатикунонии босуръати мамлакат ва васеъ намудани шуғли пурмаҳсулро амалӣ карда истодааст. Рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи солимии аҳолӣ, ки яке аз бахшҳои муҳим мебошад, минбаъд низ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон боқӣ мемонад. Ҷиҳати беҳтар намудани солимии сокинони кишвар ва ба роҳ мондани фаъолияти самарабахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ усулҳои муосири ташхису табобат роҳандозӣ гардида истодааст.                          

       Дар Тоҷикистони мо сулҳу ваҳдат пойдор ҳасту мардуми мо осудаҳолона зиндагӣ карда истодаанд. Мо бояд Паём ва сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ намуда, баҳри ободии Ватани биҳиштосои худ саҳмгузор бошем. Орзу дорам , ки ҷавонон мисли устодони сухан ва қаҳрамонҳои гузаштаи халқи тоҷик ҳимоятгари Ватани худ мешаванд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *