Рубрики
Uncategorized

ГУЛИСТОН: ПАЁМ – РОҲНАМОИ РӮЗГОРИ НЕК

     Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оид ба гузаронидани вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 5 январи соли равон дар маҷлисгоҳи ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҶМТКММ ”Апрелевка” ҷамоати шаҳраки Консойи шаҳри Гулистон ҷиҳати тарғибу ташвиқи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 23 декабри соли 2022  ироа гардид,  бо иштироки 355 нафар сокинони шаҳрак вохӯрии судманд  роҳандозӣ карда шуд.

     Баромадкунандагон   вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон- Бобоҷониён Раъно Маҳмудзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон – Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода ва  муовини Раиси шаҳри Гулистон – Оқилзода Ғайрат Аҳмад роҷеъ ба Паёми Пешвои муаззами миллат амалишавии ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, боло рафтани сатҳи иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, соҳаи маориф, зан ва ҷомеа аз ҷумла оид ба дастовардҳои даврони истиқлолият, ҳифзи оромӣ ва осудагии кишвар, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим”   ва дигар паҳлуҳои Паём суханронӣ намуданд.  Интихобкунандагон тафохури хешро аз дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, аз оромиву осудагӣ иброз карда, доир ба иҷрои дастуру супоришҳо ва вазифаҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баёнгардида, баромадҳо карда, иброз намуданд, ки ҳамарӯза дар фаъолият ва зиндагии худ онҳоро чун раҳнамои рӯзгори нек сармаршқи кори худ хоҳанд кард. Аксҳо аз ҷараёни вохӯрӣ.

Санаи 28 январи соли равон вохӯрии гуруҳи тарғиботчиён, бонувони фаъоли ҳизб, собиқадорон бо роҳбарии мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон  Муяссар Раҳимова оид ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муҳассилин баргузор гардид. Дар вохӯрӣ нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди соҳаи маориф, дастгирии ҷавонон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим”    мавриди омӯзиш қарор дода шуд. Зимни суханронӣ тарғиботчиён аз ҷавондухтарон таъкид ба амал оварданд, ки ба қадри Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ бирасанд. Дар иҷрои дастуру ҳидоятҳои Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат варзида, фарзандони содиқи Тоҷикистон азиз гарданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *