Рубрики
Uncategorized

ГУЛИСТОН: ПАЁМ – ҲУҶҶАТИ САРНАВИШТСОЗ!

                 

Мо ҳанӯз таҳти таассуроти фараҳфизои ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем ва бо ин таассуроти фаромӯшнопазир санаи 21 декабри соли равон Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардид. Хушбахтона, ман низ иштирокчӣ дар рӯзи баргузории Паём будам. Ҷавҳари аслии ин Паёми ироашуда ба халқу миллат бо асноду далел фароҳам овардани зиндагии боз ҳам шоистатар мебошад. Дар Паёми навбатӣ мавриди зикр аст, ки бо пешниҳод ва пуштибонии Пешвои миллат ба мақоми Зан – Модар арҷ гузошта шуд, зеро ҳастии инсон аз модар ибтидо гирифта, асосан тарбия ба души модарон аст, зеро Зан – Модар на танҳо пояи устувори зиндагӣ, балки пешбарандаи ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ мебошад.

Дар оянда кушиш ба харҷ медиҳем, ки ғояҳои созанда ва мақсаду мароми ҳизбро боз ҳам васеътар ба роҳ монем, муҳимтарин нуқтаҳои Паёми навбатиро ба мардум расонем.

Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода, раиси Кумитаи

иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар

шаҳри Гулистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *