Санаи 14 июли соли равон аз ҷониби тарғиботчиёни Кумиҷроияи шаҳри Гулистон бо усули ҳавлӣ ба ҳавлӣ, кӯча ба кӯча оид ба пешгирии бемории сироятии COVID-19 мулоқоту сӯҳбатҳо доир карда шуд. Ба шаҳрвандон Муроҷиатномаи ҲХДТ, ниқобҳои яккаратаи муҳофизатӣ ва маҳлулҳои безараргардонӣ тақсимот карда шуда, ба мардум таъкид гардид, ки ба қоидаҳои беҳдоштӣ, гигенаи шахсӣ, тоза нигоҳ доштани муҳити зист риоя ва аз ҷойҳои серодам, дастфишорӣ худдорӣ намоянд.
Рубрики