Ҳамасола санаи 1-уми сентябр чун анъана дар тамоми муассисаҳои таҳсилотӣ, чорабинии идона баргузор шуда, рӯзи соли нави дониш бо Дарси сулҳ оғоз меёбад. Дар Тоҷикистон Рӯзи дониш баробари дарси сулҳ арзиши баланд дорад. Шогирдони донишгоҳҳо, коллеҷу, муассисаҳои таълимӣ, устодону волидон ин санаи фархундаро бо шодиву хурсандӣ истиқбол мегиранд. Мафҳуми дониш барои халқи мо аз замонҳои қадим то имрӯз як ҷузъи муҳимтарини маънавиёт ба ҳисоб рафта, бузургони гузашта донишро чароғи ақл ва ҷавшани ҷисм донистаанд.
Дар коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон бо садо додани Суруди миллӣ Рӯзи дониш оғоз ёфт. Дар он намояндагон аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва аз КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон иштирок ва суханронӣ намуданд. Пас аз чанд лаҳза ҳама ба толор ва синфхонаҳои барҳаво ворид гашта, аз суханрониҳои пурмӯҳтавои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳрвар гардиданд. Аксҳо аз ҷараёни чорабинӣ.