Рубрики
Uncategorized

Гулистон: Саломатии худ ва дигаронро зери хатар нагузоред!

Имрӯз бо мақсади пешгирии бемории сироятии COVID – 19 ҷиҳати бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ гурӯҳи тарғиботчиёни КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон  бо сокинони шаҳр мулоқот карданд.

Гурӯҳи корӣ фаъолияти худро аз хонаҳо, кӯчаҳо, маҳалҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ оғоз намуданд. Аз ҷониби гурӯҳи тарғиботӣ ба   истиқоматкунандагони шаҳр тавсия дода шуд, ки ҳангоми гашту гузор кардан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва серодам қоидаҳои беҳдоштиро риоя намоянд. Ҳамзамон пӯшидани ниқобҳои муҳофизатиро аз хотир набароранд. Зеро саломатии ҳар шахс аз шахси дигар вобастагии калон дорад. Маводҳои ташвиқотию тарғиботии оид ба пешгирии бемории сироятӣ тақсим кардашуда, боиси қаноатмандии шаҳрвандон гардид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *