Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ баҳри пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии коронавирус КОВИД-19 ба гузаронидани чорабиниҳои таблиғотӣ бобати пешгирӣ аз ин беморӣ вусъат бахшид.
Имрӯз мудирони шуъбаи таблиғоту иттилот,бахши занону ҷавонон ва роҳбари намояндагони ТҶҶ “Созандагони Ватан” корҳои таблиғотиро ба роҳ монда, дар кӯчаҳои Мирзо Турсунзода, Айнӣ ва Истиқлол бо усули “хона ба хона”, “кӯча ба кӯча” бо истиқоматкунандагон аксия таҳти унвони “Саломатӣ боигарии инсон – нисбати саломатӣ беаҳамият набошед!” доир намуданд. Бобати гирифтани ваксина, тозагии маҳалли зист, риоя кардани қоидаҳои гигиенаи шахсӣ, истифодаи маҳлулҳои безараркунанда сӯҳбат намуда, аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” маводҳои таблиғотӣ ва антисептикӣ тақсимот ва насб карданд. Суратгузориш аз ҷараёни корҳои тарғиботӣ.