Ҷиҳати пешгирии бемории сироятии COVID-19 тарғиботчиёни КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон бо усули “кӯча ба кӯча” корҳои фаҳмондадиҳиро идома доданд.
Зимни сӯҳбат ва корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии бемории сироятии COVID-19 мулоқот намуда, дастонро мунтазам бо собун шустан, тариқи дастфишурӣ салом накардан, истифодабарии ниқобҳои тиббӣ умуман риояи қоидаҳои беҳдоштиро тавсия доданд. Дар поёни корҳои тарғиботӣ Муроҷиатномаи ҲХДТ ба шаҳрвандон дастрас карда шуд.