Рубрики
Асосӣ

ГУЛИСТОН: Солимии милллат дар дасти ҳар яки мост!

Ҳама дар фазои сулҳу оромӣ ва ваҳдату ҳамбастагӣ умр ба сар мебарем. Тоҷикистон ба мамлакати сулҳовар мубаддал шудааст. Ваҳдат ва оромии ба даст омада муҳимтарин омили субот, рушду тараққӣ ва пешрафту шукуфоии Ватани азизамон гардидааст. Мардуми кишвар бо шукургузорӣ аз неъмати Истиқлол ва Ваҳдати миллӣ ба меҳнати созанда машғул гардида, аз пайи ободу зебо намудании кишвари худ камари ҳимматро мустаҳкам бастаанд. Ҳама дарк намудаанд, ки танҳо бо Ваҳдату иттифоқ, ба саодату иқбол даст меёбанд. Дар ин замина саҳми кормандони соҳаи тиб дар мавҳи бемории сирояти короновирус калон аст, ки таи ду сол мешавад халалдори оромӣ ва осоиштагии аҳолӣ гаштааст. Ба онҳо арзи сипоси тамоми аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро мерасонем, ки дар мавҳи бемории короновирус заҳмати зиёде кашидаанд. Танҳо бо якдилӣ ва ҳамбастагии мардум мо ба раҳоӣ аз ин беморӣ расида метавонем. Сарфи назар аз он ки коронавирус дар кишварамон рӯ ба пастравӣ задааст, набояд масъулиятро аз даст диҳем. Барои бори дигар авҷ нагирифтани ин беморӣ ҳама бояд кӯшиш намоянд. Албатта эмгузарониро фаромӯш насозед. Солимии миллат аз солимии шаҳрвандонаш вобаста аст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *