Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бо мақсади пешгирӣ аз бемории сироятии СОVID -19, тарғиби тарзи дурусти ҳаёти солим, дастрас намудани маълумоти дурусти расмӣ доир ба вазъи эпидемикӣ корҳои ташвиқотиро пурзӯр намуданд. Истифода намудани ниқоби ҳимоятӣ, риояи фосилаи ҷисмонӣ, гирифтани ваксинаи зидди СОVID -19, зуд-зуд бо собун шустани дастҳо сироятёбиро камтар мекунад – чунин иброз доштанд ба шаҳрвандон ҳини корҳои тарғиботиву ташвиқотии доиргардида, коркунони Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ. Ҳамчунин дар кӯчаву маҳаллаҳои шаҳр варақаҳои таблиғотӣ оид ба пешгирии беморӣ паҳн ва насб карда шуданд. Чунин иқдом барои иттилоотнок ёфтани сокинон мусоидат мекунад. Аксҳо аз ҷараёни корҳои таблиғотӣ.
Рубрики