Рубрики
Uncategorized

Гулистон: Таҷлили ҷашни Наврӯз дар Коллеҷи тиббӣ

      Имрӯз бо иштироки фаъолону собиқадорони ҳизб, бонувони барӯманд ва ҷавононписарону ҷавондухтарон  дар Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шафқат” чорабинии адабӣ-фарҳангӣ таҳти унвони “Наврӯз омадаву дил тарона мехоҳад”доир гардида, Наврӯзи байналмилал бо шукӯҳу шаҳомати хоса  ҷашн гирифта шуд. Дар он намояндагони КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон иштирок намуданд.

     Ба муносибати ин ҷашн хони Наврӯзӣ ба намоиш гузоштани суфраи “Ҳафт  син”, “Ҳафт  шин” ва “Ҳаф мин” густурда шуд, ки ин яке аз унсурҳои ҷашни Наврӯзӣ аст. Дар хони Наврузӣ анъанаҳои миллӣ, расму оинҳо таҷассум ёфта буданд. Дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мадди назар дур намонда, ҳунарҳои мардумӣ намоиш дода, баҳри болидахотирии ҳозирин барномаҳои фарҳангӣ намоиш дода шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *