Рубрики
Асосӣ Мақола

ГУЛИСТОН: Хизмат ба Ватан – Модар қарзи виҷдон ва ҳаққи фарзанди ҳар ҷавони далер!

МАҚОЛА: «Барои насли наврас яке аз муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёт хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шучоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт – дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд. Хидмат дар сафҳои Артиши миллӣ бояд қарзи виҷдон ва ҳаққи фарзанди ҳар ҷавони далер бошад. Муҳофизати Ватан – муҳофизати обу хоки муқаддаси бобокалонҳои номвари мост. Касе, ки аз хизмати Ватан саркашӣ мекунад, аз хидмати падару модар, аз эҳтироми хоҳару бародари худ саркашӣ мекунад. Даъват ба хидмати ҳарбӣ барои ҷавонон бояд ид бошад».

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Артиши миллии Тоҷикистон имрўз дар як марҳилаи рушду такомули ҳамаҷонибаи хеш қарор дошта, дар миёни неруҳои ҳарбии кишварҳои дигар бо қудрату тавоноӣ, обу тоби ҷангӣ, омодабошӣ ва неруи сиёсиву маънавии худ чун яке аз артишҳои аз лиҳози лавозимоти ҷангии муосир хуб мусаллаҳ мақом ва манзалати хешро пайдо кардааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи имкониятҳои мавҷударо ба хотири фароҳам овардани шароити мусоид ва муосир дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда истодаанд. Шароити хизмат дар сафи Қувваҳои Муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯз аз рӯз беҳ гардидааст.Хизмат ба Ватан-Модар қарзи фарзандӣ ва имониву виҷдонии ҳар як ҷавонмарди бонангу номус буда, мактаби бузурги тарбияи ирода, ҷасорат, шуҷоат ва ватандорӣ ба ҳисоб меравад. Набояд фаромӯш кард, ки Ватани азизамон – Тоҷикистон хонаи умеди тамоми тоҷикони ҷаҳон аст, ки аз он бӯи хоки ниёгон ба машом мерасад. Сарзаминест, ки пайвандонамон он ҷо зиндагӣ мекунанд. Муҳофизат намудани он вазифаи муқаддаси шаҳрвандӣ, қарзи инсониву виҷдонӣ маҳсуб меёбад!

КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *