Рубрики
Асосӣ

ГУЛИСТОН: ХИЗМАТ БА ВАТАН РИСОЛАТИ ҶАВОНМАРДИСТ!

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон таърихи 17 феврали соли равон баҳри дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 30-солагии таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву ватанпарастӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақшаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар Коллеҷи тиббии шаҳр бо ҷавонписарон, донишҷӯён ва хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимӣ вохӯрӣ таҳти унвони “Хизмат ба Ватан рисолати ҷавонмардист”-ро ташкил ва баргузор намуд.

Дар кори вохӯрӣ намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Заррина Раҳмон-мудири шуъбаи умумӣ ва Назирҷон Мирмуллоев-мудири шуъбаи кор бо ҷавонон, Парвиз Кассиров -ҷонишини комиссариати ҳарбии шаҳри Гулистон, Нурулло Қодиров ва Юсуфҷон Мирбобоев -иштирокчиёни ҷанги  Афғонистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ба вохӯрӣ Шарифа Отаҷонова- муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ҳусни ифтитоҳ бахшида, меҳмононро бо аҳли толор шинос намуд.

       Заррина Раҳмон-мудири шуъбаи умумӣ ва Назирҷон Мирмуллоев-мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд зимни суханронӣ зикр дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ рўйдодҳои бисёр пуртаҳлукаю ҳассоси таърихиро пушти сар намуд. Дастовардҳои имрўзаи даврони соҳибистиқлолӣ насли ҷавонро ба суботу созандагӣ, бунёдкориву донишандузӣ ва ҳимояи марзу буми Ватани азизамон ҳидоят менамояд. Ҳарчанд, давраҳои тақдирсози кишварамон бо хотираҳои ибратомӯзи таърихӣ пушти сар шуд, вале дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир ҳифзи манфиатҳои сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва якпорчагии Ватани маҳбубамон назди – ҷавонони кишвар вазифаҳое истодаанд, ки иҷрои онҳо баҳри таҳкими истиқлолият ва бақои давлату миллат аҳамияти бузургро доро мебошанд.

      Ҳимояи марзу буми Ватан вазифаи муқаддас ва пурифтихори ҳар як шахси солимфикр, бообрӯ ва бонангу номуси кишвари маҳбубамон, алалхусус ҷавонон буда, имрӯзҳо онҳо дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон содиқона бо сари баланд хизмат намуда истодаанд, ки боиси ифтихор ва сарбаландист.

     Сипас, Парвиз Кассиров -ҷонишини комиссариати ҳарбии шаҳри Гулистон, Нурулло Қодиров ва Юсуфҷон Мирбобоев -иштирокчиёни ҷанги  Афғонистон суханронӣ намуданд.

     Дар интиҳои вохӯрӣ Шарифа Отаҷонова- муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон зимни баромади хеш қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ зикр намуданд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби ҷавонмардӣ маҳсуб ёфта, дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани хизматчиёни ҳарбӣ ва барои онҳо муҳайё намудани шароити хуби хизмат, инчунин, риояи талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ муҳимтарин самти сиёсати мудофиавии кишвар маҳсуб меёбад.

Тарбияи кадрҳои худшиносу ватандӯст, дорои масъулият ва малакаи баланд, соҳиби донишу таҷриба ва ҷаҳонбинии муосир, фидокор ва содиқ ба Ватану миллат, ҳушёру зирак вазифаи муҳимтарини Ҳукумат ва ҳар як аъзои ҷомеа мебошад.    

Хурсандиовар аст, ки ҷавонони вилояти Суғд, аз ҷумла ҷавонони шаҳри Гулистон ба анъанаҳои сарбозони шуҷоъ падару бобоёни худ такя карда, содиқона қарзи фарзандии худро дар назди Ватан-Модар адо карда истодаанд ва сафи ихтиёрон бошад, ба Қувваҳои Мусаллаҳ сол аз сол зиёд шуда истодааст.

         Мо боварӣ дорем, ки Шумо ҷавонони саодатманд, дар фазои сулҳу оромӣ таҳсил карда истодаед, бо шукргузорӣ хонаи умеди мо – Тоҷикистонро обод мекунед ва бузургтаррин манфиати миллӣ – Истиқлолияти давлатамонро ҳифз менамоед. Аксҳо аз ҷараёни вохӯрӣ.

 

 

 

 

 

и ещё 13

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *