Рубрики
Асосӣ

ГУЛИСТОН: Хизмат ба Ватан шараф аст!

Бо мақсади мусоидат намудан дар муташаккилона доир гардидани маъракаи даъвати баҳоронаи сарбозон ва тарбияи ҳарбӣ- ватандӯстии ҷавонон, кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон, тибқи барқияи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз 04.04.2022, №26 бо волидон тариқи усули “Хона ба Хона” корҳои таблиғотиву ташвиқотиро ба роҳ монданд.

Масъулони Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ ба хонаҳо ташриф оварда, дар бораи шароити қисми ҳарбӣ сухаронӣ намуда, қайд намуданд, ки татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил дода, онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа ва ояндаи миллат ва давлат мебошанд. Ҷавонони зодаи Истиқлолият барои ободии диёри азиз Тоҷикистон, боло рафтани обрӯю нуфузи он дар ҷаҳони имрӯза аз фарзанди фарзонаи Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрат гирифта, барои Ватан содиқона хизмати арзанда намоянд. Зеро хизмат ба Ватан шараф аст. Суратгузориш аз ҷараёни корҳои тарғиботӣ.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *