Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи Адрасмон”-и ҲХДТ дар шаҳри Гулистон баҳри пешгирии бемории сироятии COVID-19 корҳои фаҳмондадиҳиву беҳдоштӣ, тақсимоти ниқобҳо ба сокинон, корҳои безараргардонӣ, эмгузаронӣ ва корҳои ташвиқотию таблиғотӣ бо воситаи баландгӯяк аз тарафи духтурон ба роҳ монда шуд. Зимни корҳои фаҳмондадиҳӣ масъулон сокинонро водор сохтанд, ки ба қоидаҳои беҳдоштӣ риоя намуда, худ ва наздикони худро аз ин беморӣ ҳифз намоянд. Дастонро бо собун ва маҳлулҳои безараргардонӣ тоза намуда, дар ҷойҳои серодам масофаро нигоҳ доранд.
Рубрики
ГУЛИСТОН: Эмгузаронӣ ва корҳои ташвиқотию таблиғотӣ
