Рубрики
Uncategorized

Гулистон: Эмгузаронӣ- ягона пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус

      Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон баҳри пешгирии бемории сироятӣ оид ба риояи талаботи зиддиэпидемикӣ ва назорати қатъии он ба корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ вусъат бахшида истодааст.

      Риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, гузаронидани маъракаҳои эмгузаронӣ, пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус дар миқёси  шаҳри Гулистон идома доранд. Бояд донист, ки воя (ваксина) барои гирифтор нашудани беморӣ ва ҷилавгирӣ аз фавт пешбинӣ шуда, баҳри солимии аҳолӣ ва боз ҳам мустаҳкам нигоҳ доштани муқобилиятнокии бадан бар зидди ин вабои аср, яъне CОVID-19 мебошад.

     Инчунин, ҳамарӯза кормандон ва тарғиботчиёни КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон  дар маҳалҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ бо аҳолӣ суҳбату вохӯриҳо гузаронида, мардумро ба эмгузаронӣ даъват менамоянд. Зеро эмгузаронӣ ягона пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус ва таъмини солимӣ кафолати сиҳатии оила, ҷомеа ва давлат ба ҳисоб меравад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *