Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шаҳраки Зарнисор”, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 10 чорабинии бошукӯҳ бахшида ба 80-солагии шоири оташсухан Лоиқ Шералӣ доир гардид. Шогирдон дар бораи зиндагинома ва эҷодиёти Лоиқ Шералӣ маълумотҳо дода, аз ашъораш шеърҳои қироат намуданд. Устод Лоиқ Шералӣ солҳои шастуми асри бистум устуворона қадам ба арсаи адабиёт гузошта ва бо шеъҳои нав ба нав, ки дар он Ватан ва абармардони миллат тавсиф меёфт бо равиши ба худ хос дар назм ҳунарнамоӣ мекунад. Лоиқ шоири оташинсухан аст. Шеърҳояш дар равонӣ оммафаҳманд. Ӯ адиби халқи хеш буда, дар ашъораш дарди миллат, ранҷи марди заҳмат, шукуфонии Тоҷикистонро бо бурду бохташ инъикос намудааст. Шоир аз иқтидоми аввал дар сухансанҷӣ ва маҳорати баланди ӯ дар гуфтори ғазал, рубоӣ, дубайтӣ, шеъри озод, достону манзума, фаҳми адибон дили пири барноро ба тасхир овардааст.Вай дар эҷоди шеър истеъдоди нодир дошта, дар омӯзиш ва мутолиаи шоҳасарҳои суханварони ҷаҳонӣ ба комёбиҳо ноил гаштааст.
Рубрики
ГУЛИСТОН: ЁДБУДИ ШОИР ЛОИҚ ШЕРАЛӢ
