Рубрики
Асосӣ

ГУЛИСТОН: “Ҳамроҳ ваксина мегирем, то солим бимонем”

     АКСИЯ: Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шаҳраки Консой” ҷиҳати пешгирии бемории сироятии COVID – 19 бо ташаббуси раиси ташкилот Амир Мухабатов ва ТҶҶ “Созандагони Ватан”, коркунони  маркази саломатии шаҳрак аксия таҳти унвони “Ҳамроҳ ваксина мегирем, то солим бимонем ”-ро ташкил ва гузаронида шуд. Зимни баргузории аксия тарғиботчиён дар кӯчаҳо ва хона ба хона  бо сокинон мулоқот доир намуда,  оид ба хуруҷ гирифтани бемории сироятии коронавирус, истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ, риояи гигиенаи шахсӣ, истифодаи дурусти маҳлулҳои безараргардонӣ ва гирифтани ваксина, роҳи асосӣ ва муҳим барои зафарёбӣ аз  COVID – 19  корҳои фаҳмондадиҳӣ бурданд. Ҳамзамон 200 адад ниқобҳои тиббӣ, маҳлули безараргардонӣ тақсимот карда шуда,  корҳои безараргардонӣ ба роҳ монда шуданд.  

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *