Рубрики
Uncategorized

Гулистон: ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН – НЕРӮИ ПЕШБАРИ ҶОМЕАИ МУОСИР

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон баҳри иҷрои барқияи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд таҳти рақами 105 аз 07 декабри соли 2021, бо мақсади дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ таҷлил намудани 27-солагии таъсисёбии “Рӯзи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, муассисаҳои таълимӣ, коллеҷи тиббӣ баргузор намудани мулоқоту сӯҳбатҳо, мизҳои мудаввар, конфронсҳо, аёдати собиқадорону аъзоёни ҲХДТ ва дигар чорабиниҳои мақсаднокро ба роҳ монд. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шаҳраки Сирдарё”, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 бо иштироки фаъолони ҳизб, ҷавонону аъзоёни “Созандагони Ватан” мизи мудаввар ва хониши сиёсӣ таҳти унвони “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон-нерӯи пешбари ҷомеаи муосир” ташкил ва баргузор карда шуд. Зимни чорабиниҳо қайд карда шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун зодаи даврони истиқлоли кишвар бо мақсади ифодаи азму иродаи мардуми шарифи Тоҷикистон таъсис ёфта, маҳз бо рисолати мардумсолорӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, созандагиву бунёдкорӣ ва тарғиби ғояҳои бузурги ватандўстиву худшиносӣ дар ҷомеа мавқеи сазовори худро пайдо намуд.Эмомалӣ Раҳмон Дар тӯли 27 соли сипаригашта ҳизби мо тавонист, ки ҳамаи дастовардҳоро дар самту бахшҳои гуногун ва муҳими давлатдорӣ соҳиб гардад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *