Рубрики
Асосӣ

ГУЛИСТОН: Ҳунар – беҳ аз симу зар!

         Ба истиқболи 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи эълони гардидани солҳои 2022-2026 ҳамчун «Соли рушди саноат» бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон «Маркази  дӯзандагӣ» ифтитоҳ гардид.

          Дар Марказ духтарон ва занони хонашин  метавонанд ҳунарҳои дӯзандагиро аз худ намоянд. Мақсади кушодани марказ омӯзонидани касбу ҳунар барои духтарону бонувон мебошад.

      Дар кушодашавии «Маркази  дӯзандагӣ» муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Латифзода Асрор Қурбон, Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, Раиси шаҳри Гулистон Ҳошимзода Раъно, намояндагони васоити ахбори омма ва дигарон ширкат доштанд.

       Муовини  Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Латифзода Асрор Қурбон иброз доштанд, ки баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа зери таваҷҷуҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, ҲХДТ ба масъалаи ҷалби занону духтарон ба касбу ҳунаромӯзӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.

         Духтарону бонувон аз ифтитоҳи марказ ва шароитҳои хуб изҳори хушҳолӣ намуда, ба роҳбарияти олии ҳизб ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии доимии занону духтарон миннатдорӣ баён карданд.

        Бояд таъкид намуд, ки маҳз ба шарофати сиёсати дурандешона ва фарҳангпарваронаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунарҳои қадимаи тоҷикон аз нав эҳёву барқарор гардида истодааст, ки ин нишондиҳандаи фарҳанги пурғановати халқамон мебошад. Аксҳо аз ҷараёни ифтитоҳи Маркази дӯзандагӣ.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *