Рубрики
Uncategorized

ГУЛИСТОН: Ҷамъбасти ​ марҳилаи дуввуми мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми ҲХДТ”

​ ​ ​ ​ ​ ​ Бо ​ ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар доираи татбиқи Барномаи “Рушди футбол дар деҳаҳо барои солҳои 2021 – 2024” дар қаламрави ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи кишвар мусобиқаи футболи хурд байни бозингарони ғайрикасбӣ барои ба даст овардани Ҷоми ҲХДТ бо маром идома дода шуд.​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​

​ ​ ​ ​ Санаи 14 августи соли равон ҷамъбасти бозии варзишӣ оид ба футболи хурд миёни дастаҳои футболи ғайрикасбии шаҳри Гулистон барои дарёфти Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар варзишгоҳи маркази шаҳр доир гардид, ки дар он Маҷидӣ Бахтёр Саидаҳмадзода Раиси шаҳри Гулистон, Исмоилзода Зуфар Муртазохон Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Декмократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Юнусов Аҳлиддин муовини раиси Федератсияи футбол дар вилояти Суғд ва Муслимахон Ҷамолиён раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Декмократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ширкат ва суханронӣ намуданд.

​ ​ ​ ​ ​ Ибрози сухан карда шуд, ки варзиш гарави саломати буда, омили хуб барои муттаҳид намудани шаҳрвандони мамлакат ба тарбияи ҷисмонӣ, варзиш дар байни ҷавонон, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ мебошад. Хотиррасон бояд намуд, ки мусобиқаи мазкур аз санаи 10 ​ июли соли 2021 шурӯъ гардида, дар он беш аз 15 дастаҳо аз шаҳру шаҳракҳо ​ ширкат варзиданд.

​ ​ ​ ​ ​ ​ Дар марҳилаи ниҳоӣ дастаи “Адрасмон” сазовори Дипломи дараҷаи якум, тӯҳфа, “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” медали дараҷаи якум, тӯб,​ Дипломи дараҷаи дуввум, тӯҳфа, медали дараҷаи дуввум ва тӯб соҳиби дастаи “Консой”,​ Дипломи дараҷаи сеюм, тӯҳфа, медали дараҷаи сеюм ва тӯб соҳиби дастаи “Сирдарё”​ гардиданд. Ҳамзамон, дар вазъяти тантанавӣ ба дарвозабон, ҳимоятгар, ҳамлагар, бозингари беҳтарин ва дастаи беҳтарини мусобиқа Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотирмони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар​ шаҳри Гулистон супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *