Рубрики
Асосӣ

ГУЛИСТОН: 16-РӮЗИ МУҲАББАТ БА ҲАМДИГАР!

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва ҷалби мардону писарон дар коҳиш додани зӯроварӣ нисбати занону духтарон Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бахшида ба маъракаи иттилоотӣ 16-Рӯзи алайҳи хушунат нисбати занон таҳти унвони “16 – Рӯзи муҳаббат ба ҳамдигар!”якҷоя бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ташкилоти ҷамъиятии “Шамс” чорабинӣ доир намуд.

Дар чорабинӣ Шуҷоат Ҳасановна -намояндаи Шӯрои машваратии ташкилотҳои ҷамъиятии вилояти Суғд, Моҳира Раҳимзода – намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд,  Мадина Каримова – намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иштирок доштанд.

           Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода ба чорабинӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, қайд намуд, ки  16 рӯзи мубориза алайҳи зӯроварии асоси гендерӣ маъракаи солонаи байналмилалӣ мебошад.

Ин маърака аз ҷониби фаъолони нахустин Институти пешвои ҷаҳонии занон дар соли 1991 таъсис ёфта, ҳамасола аз ҷониби Маркази пешвоёни ҷаҳонии занон ҳамоҳанг карда мешавад.

        Ҳадафҳои асосии маъракаи 16 рӯзи зидди хушунат ҷалби таваҷҷӯҳи мардум ба ду масъалаи мубрам: пешгирӣ ва муқовимат бо хушунати хонаводагӣ ва хариду фурӯши одамон, инчунин баланд бардоштани фаъолияти муассисаҳои давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар самти муттаҳид сохтани кӯшишҳо барои ҳифзи ҳуқуқи инсон мебошанд.  Зиндагии шоистаи шаҳвандони кишвар яке аз ҳадафҳои асосии Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буда, ҳалли он дар маркази диққат ва таваҷҷуҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   қарор дорад.

        Дар чорабинӣ Шуҷоат Ҳасановна -намояндаи Шӯрои машваратии ташкилотҳои ҷамъиятии вилояти Суғд дар мавзӯъи “Зӯроварии гендерӣ ва барҳам додани он”, Матлуба Сатторова – намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар мавзӯъи “Пешгирии зӯроварӣ дар байни ноболиғон”, Муқаддас Ҳомидҷонова -сарвари иҷроияи ташкилоти ҷамъиятии “Шамс” дар мавзӯъи “Ҳамакаса дунёро норинҷ месозем!” баромад намуда, фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.

      Дар чорабинӣ видеороликҳои гендерӣ дар мавзӯъи “Қувваи ман барои зӯроварӣ нест!” намоиш дода шуд.

      Ҳамчунин бобати якдигарфаҳмӣ дар оила, муносибатҳои байниҳамдигарӣ ва ба ин васила ҷиҳати пешгирии омилҳои хушунат андешаронӣ карда шуд. Оиларо бо меҳру муҳаббат бунёд намуд ва бигзор, пойдору мустаҳкам бимонад. Аксҳо аз ҷараёни чорабинӣ.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *