Дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дарси навбатии курси мактаби захираи кадрҳо доир гардид. Ин навбат ба шунаванадгони курси захираи кадрҳо дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, мудири кафедраи ҳуқуқ Мухторов Қиромиддин доир ба “Ҷаҳонишавӣ – муаммо ва дурнамо дар асри ХХ1 дарс гуфтанд. Дар доираи мавзӯи мазкур устод ба шунавандагон маълумоти васеъ дода, бобати он сӯҳбат намуд.
Дар басти дуюми курси мактаби захираи кадрҳо намояндаи Вазорати корҳои хориҷӣ дар вилояти Суғд Шарипов Даврон оиди “Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлолият” сухан ронда, бо шунавандагон тариқи саволу ҷавоб баромад намуда, дониши онҳоро мукаммал намуданд.
Дарси имрӯза ба шунавандагон писанд гардида, барои пурра намудани дониши сиёсии худ ба устодоне, ки имрӯз ба шунавандагон маърӯза намуданд арзи сипос карданд.
Бояд қайд кард, ки ба курси захираи кадрҳо устодоне даъват шуданд, ки ҳар яке дар фаъолияти кории худ ба дастоварди азиме ноил гардиданд ва таҷрибаю малакаи онҳо шоистаи омӯзиш аст.
Курси мактаби захираи кадрҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд идома ёфта, мақсад аз ташкил ва гузаронидани он ин омода намудани ҷавонон ба корҳои роҳбарикунанда ва дарёфти истеъдодҳои ҷавон дар соҳаи сиёсат мебошад.