Рубрики
Uncategorized

ДАР РАҲИ ИҶРОИ ВАЗИФАҲОИ ҲИЗБӢ МАСЪУЛИЯТ МЕБОЯД

Дар маҷлисгоҳи хурди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд бо иштироки кормандони дастгоҳи кумиҷроияи вилоятӣ  машваратии корӣ ҷиҳати пешбурди фаъолияти минбаъда   баргузор гардид.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон оид ба нуктаҳои Паёми Пешвои миллат,  натиҷаҳои фаъолият дар соли 2020,  ислоҳи камбудиву норасоиҳои ҷойдошта, ки дар Маҷлиси ҷамъбастӣ аз ҷониби роҳбарияти ҳизб зикр шуд, сухан ронда, зикр намуд, ки ҳар як корманд бояд дастуру ҳидоятҳои дар Паёми Сарвари давлат ироашударо дар меҳвари фаъолияти худ қарор диҳад.  Тақвияти фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ, баргузории семинари омӯзишӣ бо иштироки раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, риояи интизоми меҳнат аз дастурҳои қатъии раиси кумиҷроия ба кормандон буд.

Дар фарҷоми машварат Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ба аҳли кормандон таъкид намуд, ки дар соли 2021 моро зарур аст, аз ҳарвақта дида бештар фаъолиятамонро дар самти дастгирии иҷтимоиву маънавии аъзоёну ҷонибдорон, таҷлили сазовори ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ, татбиқи ҳадафҳои Оинномаву Барномаи пешазинтихоботии ҳизб, зиёд намудани сафи ҳизб аз ҳисоби шахсони арзанда, иҷрои саривақтӣ ва босифати дастуру супоришҳои роҳбарияти ҳизб, зиёд намудани корҳои таблиғотиву фаҳмондадиҳӣ, мунтазам дар байни аҳолӣ кору фаъолият намоем.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *