Рубрики
Асосӣ

ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД ДИДОРБИНӢ БО ИШТИРОКЧИЁНИ ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ ИДОМА ДОРАД

Имрӯзҳо ҳамаи мо мардуми шарафманди кишвар бо як руҳияи болида ва шукргузорӣ аз давлати тинҷу ором 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешвоз гирифта истодаем. Нақши Иҷлосия дар барқарор намудани сулҳу субот, ки бо шарофат ва заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, хеле калон мебошад.

Маҳз дар ҳамон давраҳои бениҳоят ҳассос, ки Иҷлосия баргузор мегардид, саҳми бисёр нафаронро ёдрас шудан ба маврид аст, ки яке аз онҳо Сарвар Негматҷонова мебошад, ки дар қатори дигарон фаъол буда, дар вазифаи бақайдгирандаи вакилони Иҷлосия фаъолият намудааст. Ҳамчунин дар соҳаи алоқа Зебуниссо Сангинова низ саҳми арзанда гузоштааст.

Вокеан, ҳам ашхосоне, ки новобаста аз кору вазифа барои рушду нумӯи давлат хизмат кардаанд, ҳамеша дар мадди назари давлату ҳукумат қарор дошта, қадршиносӣ ва дидорбинии эшон дар ҳар иду айём ба роҳ монда мешавад.

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд якчанд нафар иштирокчиён ва саҳмгузорони Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла шахсони дар боло зикршуда аёдат ва бо Сипосномаи кумиҷроия қадршиносӣ гардида, тӯҳфаи хотиравӣ ва обуна барои соли 2023 ба рӯзномаҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Шафақ” тақдим карда шуд.

Бояд зикр намуд, ки ин иқдом аз тарафи кумиҷроияи шаҳр идома дошта, бо навбат дидорбинӣ, аёдат ва қадршиносии собиқадорон ва фидоёни ватан, ки дар ҳақиқат баҳри пешрафту тараққиёти давлат саҳм гузоштаанд, роҳандозӣ мегардад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *