Рубрики
Uncategorized

Дастгирии сиёсати Пешвои миллат

      Имрӯзҳо гарчанде ки бо шарофати истиқлолият ба дастовардҳои назарраси сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ комёб гашта бошем ҳам, дар давраи сахту ҳассоси ҷаҳони муосир қарор дорем ва ба муттаҳиддияту ҳамрайъӣ, ваҳдати миллӣ, соҳибмаърифативу зиракии сиёсӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва эҳсосоти баланди ватандӯстӣ бештар эҳтиёҷмандем.

       Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мегӯянд: “Солҳои охир дар ҷаҳон як силсила тамоюлоти хатарнок, аз қабили таҳдиди терроризми байналмилалӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва фаъолияти гурӯҳҳои ҷинояткории трансмиллӣ қувват мегирад, ки инҳо метавонад ба оромиву субботи минтақа ва амнияти давлатии кишварҳои алоҳида таъсири ногувор расонанд”.

       Ғайр аз ин тамоюлҳои номатлуб, ҷаҳони муосирро имрӯзҳо бемории  Ковид – 19 ба таҳлука андохта, саломатӣ ва ҳаёти аҳли сайёраро зери хатари бузург гузоштааст. Ҳукумати ҷумҳурӣ бо роҳбарии Президенти соҳибтадбири мо тамоми чораҳои заруриро барои пешгирии ин вабои аср  ва амнияти халқу кишвар андешида истодаанд. Аз ин рӯ моро зарур аст, ки сиёсати оқилонаи пешгирифтаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами  Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, мухтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, барои сарсабзиву пешрафти Ватани азизамон саҳми арзандаи хешро гузорем.

Терроризм ва экстремизм – падидаи номатлуби  замони имрӯза

   Дар ҳақиқат терроризм падидаи номатлуби замони муосир буда, фаҳмиши он дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин, аз қабили қатлу куштори мардум, ба гаравгон гирифтани одамон, тарконидани иншоотҳои маишиву фароғатӣ,  рабудани  воситаҳои гуногуни нақлиётӣ ба сифати гарав ва амсоли он дониста мешавад.

     Экстремизм бошад, хислати ҷудоихоҳӣ, ифротгароӣ ва иғвоангезиро дар худ таҷассум намуда, бо терроризм алоқаи зич дорад. Бо ибораи дигар экстремизм, терроризм аст. Вале ҷомеаи моро ҳамин матлаб кифоя аст, то ки бидонем ин ҳарду комилан хатари калони парокандагиву бесуботиро доро буда, оқибати басо нохуш дорад.

      Тоҷикистонро давлати ҷавонон ном бурдани Пешвои миллат, ифодагари он аст, ки он кас ба қувваю иродаи ҷавонони кишвар итминони комил доранд ва хоҳони он ҳастанд, ки насли наврасу ҷавони кишвар ин рисолати худро сарбаландона иҷро намуда, аз паи омӯзишу татбиқ бошанд.

       Зеро қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлати ҷавонон” ифодагари мақом ва таваҷҷуҳи хосаи роҳбарият мебошад.

       Дар замири ҷавонон ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, сабру таҳаммул, омӯзиши илму ҳунар ва касбу кори муосир ва эҳтироми волоияти қонунро бояд омӯхт.

        Онҳо дар оянда ҳамчун намояндагони сазовор ва шоистаи миллати хеш Ватани азизамонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ карда тавонанд.

        Имрӯз ҳар як фарди ҷумҳурӣ бояд дарк намояд, ки ошкору бартараф намудани зуҳури ин гуна амалҳои номатлуб на танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамчунин вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванди баномуси миллат мебошад.

      Мо хуб дарк мекунем, ки дар як қатор давлатҳо идома доштани ҷангҳои харобиовар боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани муаммоҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд.

      Бинобар ин тамоми қишрҳои ҷомеаро зарур аст, ки дар самти мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ дастҷамъона ва беамон мубориза баранд.

Маҳкуми терроризму экстремизм

    Терроризм ва экстремизм яке аз проблемаи асосии имрӯза буда, махсусан ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамоянд. Террористҳо гурӯҳҳои хурде буда, ба ҷомеаи имрӯза бо ҳар гуна роҳ зиён мерасонанд.

     Дар замони муосир сафи низомиёну ҷангиёни гурӯҳҳои террористӣ аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳу бесавод меафзояд ва ба назар мерасад, ки дар тамоми кишварҳо ҳамин гуна наврасони ба доми фиреб афтода кам нестанд ва онҳо ҷони худро бехабар аз мақсаду мароми роҳбаронашон қурбон мекунанд. Ба назар мерасад, ки ноогоҳӣ аз асолати фарҳанги исломӣ ва камсаводӣ ҳамчун муҳимтарин омили гумроҳшавии ин ҷавонон аст.

      Терроризм ба ягон дин ва мазҳаб  ё миллат хос нест. Барои он, ки дини   мубини ислом  минбаъд ҳамчун  манбаъи зӯроварию фишор қаламдод карда нашавад, мо бояд бо ҷаҳолат маърифатро муқобил гузорем ва ба ҷои муқовимати тамаддунҳо  гуфтугӯи тамаддунҳоро ба роҳ монем. То замоне, ки инсоният ба ҳамкорӣ ва гуфтугӯи судманд муваффақ нагардад, хатари терроризм ва ифротгароӣ боқӣ мемонад.

      Дар ин давраи ҳассос мо бояд бениҳоят ҳушёр ва эҳтиёткор бошем. Ба насли ҷавон ва наврас тарзим ҳаёти солим, бидуни ҳар гуна ҷангу ваҳшониятро тарғибу ташвиқ созем. Таълиму тарбияро тавре ба роҳ монем, ки барои бекориву зоеъ рафтани вақти холӣ фурсат наёбанд.

     Бештар бо забономӯзиву ҳунармандӣ ҷалб гарданд, то дар оянда тавонанд зиндагии шоиста дошта бошанд. Ҳаргиз ба даъватҳои бардурӯғи душман бовар накунанд. Мо бояд ҷавонону наврасонро фаҳмонем, ки муттаҳид, якдил ва дастаҷамъ бошем, ба иғвои хоинон дода нашавем, тамоми кӯшишро ба харҷ диҳем, то ин ки ватани худро аз дасисаҳои душманон эмин дорем. Ба насли наврас ва ҷавонон фаҳмонем, ки ҷиҳоди мо ҳифзу ҳимояи ватан, обод кардани он, хизмат ба падару модар, тарбияи фарзандон, тарғиби некиву накӯкорист.

КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *