Рубрики
Асосӣ

ДАСТУРИ РАҲНАМОӢ

Субҳи имрӯз дар маҷлисгоҳи Беморхонаи марказии №1-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки пизишкон, фаъолон, донишҷӯёни коллеҷи ҳунарӣ мулоқоти  муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, Раиси кумитаи иҷроии ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, муовини раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нурруллозода доир гардид.

Чорабиниро Фирӯза Нуррулозода ҳусни оғоз бахшида зикр дошт, ки бо мақсади тавзеҳи нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибқи нақшаи муштараки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳуриии Тоҷикистон ва дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоту вохӯриҳои вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мардум  дар сар то сари кишвар ҷараён дорад.

Зимни суханронӣ Дилрабо Мансурӣ таъкид дошт, ки  Паёми навбатӣ давоми мантиқии Паёми солҳои пешин буда, фарогири ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият ва самтҳои асосии фаъолияти минбаъдаи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқамон мебошад. Сарвари давлат бо руҳбаландии бузург аз меҳнати садоқатмандона ва аҳлонаи сокинони кишвар дар соли хеле вазнин, ки бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, инчунин, пайомадҳои тағйирёбии иқлим ба иқтисоди кишварҳои ҷаҳон шиддат ёфтааст, ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, тадбирҳои зиддибуҳронӣ дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расид ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт.

Мавсуф дар идома бо овардани мисолҳои возеҳ аз Паём соҳаи тандурустиро ба риштаи таҳлил кашида, афзуд, ки агар то соли 1991, яъне дар 70 соли замони гузашта дар мамлакат ҳамагӣ 2862 муассисаву иншооти  бо 52 ҳазору 800 нафар корманд фаъолият дошта бошад, пас дар даврони соҳибистиқлолӣ, хусусан, дар 25 соли охир 2827 муассисаву иншооти  сохта, ба истифода дода шудааст. Ҳоло шумораи муассисаҳои тандурустии мамлакат нисбат ба соли 1991 қариб ду баробар зиёд гардида, ба 5116 ва кормандони онҳо ба 79 ҳазор расидааст. Чунин дастоварде, ки мамламкат дар соҳаи  ба даст овардааст, дар ягон кишвари дунё назир надорад. Илова бар ин, бо мусоидати бевоситаи Президент дар чор соли охир ба кишвар  дар ҳаҷми беш аз як миллиард  сомонӣ 200 номгӯи таҷҳизотҳои муосири тиббӣ ворид шуданд, ки вобастагии аҳолиро барои муолиҷа дар хориҷа коҳиш дод. Ҳоло дар кишвар душвортарин ҷарроҳиҳо дар сатҳи баланд доир карда мешавад.

Зуфар Исмоилзода зимни баромад ба равандҳои минтақавию байналмилалӣ ва тафсири ҷойгоҳи Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир, вазъияти рушди иқтисодӣ ва ислоҳоти низоми молиявии кишвар, масъалаҳо ва дурнамои рушди соҳаҳои саноат ва соҳибкорӣ дар мамлакат, дастовардҳо ва дурнамои сиёсати иҷтимоии давлат, сатҳи некӯаҳволии халқ, масъалаҳои таҳкими ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва таъмини амнияти миллӣ дар шароити муосир, воридшавии Тоҷикистон ба марҳалаи нави рушд ва вазифаҳо барои  оянда сухан кард.

Аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки бандҳои Паёмро дар муассисаҳо ва коргоҳҳо ба сифати дастури раҳнамоӣ истифода баранд. 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *