Мақола: Дар ҳақиқат тероризим падидаҳои номатлуби замони муосир буда, фаҳмиши он дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин аз қабили қатлу куштори мардум ба гаравгон гирифтани одамон, тарконидани иншоотҳои маишиву фарҳангӣ, робитаҳои васоитҳои гуногуни нақлиёт ба сифати гарав ва амсоли он дониста мешавад.
Экстремизм бошад, хислати ҷудоихоҳи ифродгароӣ ва иғвогароиро дар худ таҷассум намуда ба терроризм аст . Вай ҷомеаи моро ҳамин матлаб кифоя аст, то ки ин ҳаду комилан хатари калони парокандагиву бесубтиро доро буда, оқибати басо нохуш ва ногувор доранд. Терроризим ва ифродгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта оқибатҳои даҳшадбор ба бор меорад. Бинобар ин, ҷавонон бояд пайваста ба омӯхтани илму дониш, муносибатҳои варзишӣ, баргузории ҳаргуна маҳфилҳо, дӯст доштани Ватан ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ башар таваҷҷӯҳ зоҳир намуд, аз амалу кирдорҳои номатлуб дур бошанд.
Агар одамон ба масъалаҳои терроризм ва мубориза бар зидди он бевосита пайваст набошанд ҳам, тавассути чизи дигаре ва субекти дигаре ба масъалаҳои мухталифи терроризм ва шаклҳи дигари экстремизими сиёсӣ алоқаманд гашта, мавқеи худро муайян менамояд. Ин амали зуҳурот метавонад дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идиалогия , илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд. Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла дини мубини исломи надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёсию ғаразноки сиёсӣ содир карда мешавад.Терроризм ва экстремизм яке аз проблемаи асосии имрӯза буда, махсусан ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамоянд. Террористҳо гурӯҳҳои хурде буда, ба ҷомеаи имрӯза бо ҳар гуна роҳҳо зиён мерасонанд. Терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест. Ҳамаи гуфторашон дурӯғ, кирдорашон фисқ ва замирашон пур аз нифоқ аст.
Сангинов Маъмур
аъзои фаъолӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич.