Рубрики
Асосӣ

ДЕВАШТИЧ:”Тоҷикистон ваҳдатат поянда бод!”

 Тибқи нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич санаи 24 июни соли равон дар Қасри фарҳанги ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 25-солагии Ваҳдати миллӣ таҳти унвони “Тоҷикистон ваҳдатат поянда бод!” баргузор гардид.Дар чорабинӣ Раиси ноҳияи Деваштич муҳтарам Ашуралӣ Ҷалилзода, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд муҳтарам Исмоилзода Зуфар Муртазохон, собиқадорони меҳнат, афсарони қисмҳои низомӣ, ҷанговар-байналмиллалчиён, намояндагони Ташкилоти ҷамъиятии Иттифоқи барқароркунандагони сохти конститутсионӣ, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо ва намояндагони гуногуни қишрҳои ҷомеа ширкат варзиданд.

Қайд карда шуд, ки дар ҳақиқат 25 сол муқаддам дар ҳаёти сарнавиштсози халқи тоҷик саҳифаи тозаи таърих боз шудааст,ки он бо хатти заррин сабт гардидааст.

Ваҳдати миллӣ бо меҳнату заҳмати фарзанди фарзонаи нотакрори миллати тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқарор гардидааст, ки ин таҷрибаи сулҳофарини халқи тоҷикро ҷаҳониён эътироф намудаанд.

Ҳамчунин дар чорабинӣ фаъолони ҳизбӣ бо Сипосномаю медалҳои ҷашнӣ сарфароз гардонида шуданд.

Ба аъзоёни нави ҳизбӣ аз ҳисоби шахсони арзанда шаҳодатномаи ҳизбӣ низ супорида шуданд.

Маҷлиси тантанавии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии дар ноҳияи Деваштич ба иштирокчиёни чорабинӣ бо пешниҳоди барномаи рангини фарҳангӣ кори худро ба анҷом расонид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *