Таърих гувоҳ аст, ки ҳар як шахси солимфикр, ба хусус ҷавонписарон хизмати ҳарбиро қарзи шаҳрвандии хеш дониста, ҳатто баҳри дифоъи Ватан ҷонро фидо менамоянд.
Таърих гувоҳ аст, ки қаҳрамониҳои онҳо дар асарҳо ва достонҳои шоирону нависандагон қайд карда шудааст: чуноне, ки шоири бузург Абулқосими Фирдавсӣ гуфтааст:
Ҳама тан ба тан ҷон ба куштан диҳем,
Аз он беҳ ки кишвар ба душман диҳем.
Ин нангу номуси ватандӯстиву ватанпарастии халқи тоҷик аз аҳди қадим оғоз гардида, то ба имрӯз идома ёфта истодааст, ки мисоли он ба сафи хизмати ҳарбӣ даъват шудани ҷавонони ватандӯст мебошад.
Имрӯзҳо мушоҳида мегардад, ки ҷавонписарони ба нангу номуси Тоҷикистони соҳибистиқлол бо сари баланд ва ҳуввияти баланди милливу хештаншиносӣ барои хизмати Модар- Ватан ҳозир мешаванд, чунки дарк менамоянд, ки дар хизмат онҳо аввалан дарси мардонагиву садоқат ба Ватани азизи худ, дарси ҳурмату эҳтироми волидон, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, ҷасорату муқобилият нишон додан бар зидди душманони Ватанро меомӯзанд.
Боиси хурсандиву хушнудии тамоми мардуми тоҷик аст, ки имрӯзҳо омӯзиши ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ оғоз гардидааст.
Қайд кардан ҷоиз аст, ки ҷавонписаре, ки хизмати ҳарбиро ба ҷо меоварад, соҳиби ҳурмату эҳтироми ҳамагон буда, ба ӯ ҳаматарафа эътимоду боварӣ пайдо шуда, то ҳатто агар хостгорӣ мерафтанд, нахустсаволи хонадони арӯс чунин буд:” Оё он нафар хизмати ҳарбиро иҷро намудааст ё не?”
Чун дар оила фарзандро бо ахлоқи ҳамида, хонишу соҳиби маърифат будан тарбия мекунанд, пас дарси мардонагиву ҷасорат, шуҷоат ва ҳифзи ватан, нигоҳ доштани сирри давлатӣ, аз даст надодани зиракию ҳушёрии сиёсӣ, шомил нашудан ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоиро хизмати ҳарбӣ меомӯзад. Пас хизмат ба Ватан ва ҳифзи марзу буми он қарзи шаҳрвандии ҳар як шахс буда, хизмат ба Ватан ин хизмат ба Модар аст. Аз ин хотир мо, ҷавонони далеру ҷасур боварии комил дорем, ки сарбаландона баҳри ҳифзи ватани худ камари ҳиммат баста, қарзи фарзандии худро дар назди Ватан-Модар, Тоҷикистони азизу маҳбуб сарбаландона, бо дили софу содиқона адо менамоем.
Зокирҷон Ғафуров- Роҳбари намояндагии ТҶҶ Созандагони Ватан дар ноҳияи Деваштич