Рубрики
Асосӣ

ДЕВАШТИЧ: Арҷгузорӣ ба поси хотири муҳофизони Ватан

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пос доштани хотираи гузаштагон, ки дар пойдории сулҳу ваҳдат дар мамлакат ҷоннисорӣ намудаанд, инчунин ҷиҳати иҷрои барқияи №15-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аксияи ноҳиявии таҳти унвони “Арҷгузорӣ ба поси хотири муҳофизони Ватан”- ро бо ҷалби фаъолони ҳизб ва аъзоёни фаъоли ТҶҶ ” Созандагони Ватан”  ташкил ва баргузор намуд.

Дар аксияи мазкур аъзоёни фаъоли ҳизбӣ ва намояндагони ТҶҶ “Созандагони Ватан” майдонҳои Ғалаба, Аскари номаълум, оромгоҳҳои ҳудуди ташкилотҳои ибтидоии ҳизбиро тозаву озода намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *