Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои барқияи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд аз санаи 7.02.2024, таҳти рақами 11 ва тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аксияи тарғиботиро таҳти унвони “Раҳнамои мо Паёми Пешво” дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва ҷойҳои серодами кӯчаҳои марказии ноҳия баргузор намуд. Мақсад аз баргузор намудани аксияи мазкур тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз санаи 28 декабри соли 2023 байни сокинони ноҳия мебошад. Дар доираи аксия масъулин ба иштирокчиён нуктаҳои асосии Паём, дастур ва супоришҳои Роҳбари давлатро фаҳмонида, ба онҳо варақаҳои иттилоотӣ ва тарғиботӣ тақсим карда шуданд. Суратгузориш аз ҷараёни баргузории аксия таҳти унвони ” Раҳнамои мо Паёми Пешво”
Рубрики