Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич дар ҳамкорӣ бо бахшҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиши ноҳия оилаи Ҷасур Суярқуловро, ки баҳри ҳимояи марзи кишвар қаҳрамонона ҷони худро нисор намудааст, аёдат намуда, барои тарбияи фарзанди ҷонфидои Ватан ба падару модари Ҷасур Суярқулов арзи сипос намуданд. Таъкид ба ёдоварист, ки хотираи неки Ҷасур Суярқулов ҳамеша ҷовидонӣ боқӣ мемонад.
Рубрики
ДЕВАШТИЧ: Баҳри ҳимояи Ватан ҷони худро нисор кард
