Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич вобаста ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин, рӯёнидани ду-се ҳосил аз як замин дар ноҳияи Деваштич ситоди гурӯҳи корӣ оиди бурдани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ ташкил гардидааст.
Мақсад аз ташкили Ситод, анҷом додани кишти такрорӣ дар ҳамаи заминҳои аз ҳосили якум холишуда, сари вақт иҷро кардани корҳои агротехникии зироатҳо, обмонӣ, таъмини хоҷагиҳо бо оби полезӣ, маслиҳати мутахассисони соҳа ба деҳқонон ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули хона ба хона, вобаста ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигию хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошад.