Рубрики
Асосӣ

ДЕВАШТИЧ: Идомаи чорабиниҳои Наврӯзӣ

Дар ташкилоти ибтидоии “Ҷамоати деҳоти Яхтан” ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз як қатор ташаббусҳо идома дорад. Аз ҷумла, дар доираи ин иқдом миёни духтарони муассисаҳои таълимии ҳудуди Ҷамоати деҳоти Яхтан озмуни “Канӣ, духтарон?!” доир гардид. Иттилоъ дода шуд, ки озмуни мазкурро Шўрои бонувон ва духтарони ташкилоти ибтидоӣ роҳандозӣ намуда, ба он духтарони синфҳои зинаи сеюми таҳсил ҷалб гардиданд.Дар ҷамъомади мазкур омӯзгорон, намояндагони шуъбаи маориф, занону бонувони фаъоли ҳизбӣ иштирок намуданд. Духтарон ба дастаҳо ҷудо шуда, аз рўи як қатор шарт рақобат намуданд. Ҳадаф аз ин ташаббус баланд бардоштани сатҳи дониш ва таҷрибаи духтарон, тарбияи меҳнатдӯстии онҳо ва омода намудани ҷавонон ба зиндагии мустақилона унвон мешавад. Духтарон ҳамчунин истеъдоду маҳорати худро оиди рӯзгордорӣ ва кадбонугӣ бо омода намудани маводҳо нишон доданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *