Рубрики
top pay day loan

ДЕВАШТИЧ: КОРҲОИ ТАРҒИБОТИЮ ТАШВИҚОТИ ДАР НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич бо мақсади сазовор таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои тарғиботию ташвиқотиро пурзӯр намуда, истодаанд.

Гурӯҳи тарғиботию ташвиқотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия аз ҳисоби фаъолон, занону ҷавонони фаъол оид ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигию Президентӣ, рӯёнидани ду- се ҳосил аз ҳар як ваҷаб замин, истеҳсолу захира кардани миқдори зарурии маҳсулоти ғизоӣ аз ҷониби ҳар оила, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ҷиҳати сарфаю саришаткории маводи озуқаворӣ мунтазам мулоқоту вохӯриҳо ва гардишҳои хона ба хона ташкил намуда меояд.

Санаи 24.05.2021 дар Ҷамоати деҳоти Яхтан гурӯҳи кории КИ ҲХДТ дар ноҳия аз рафти корҳои ободонию бунёдкорӣ боздид ба амал оварда, зимни ташриф оиди дастовардҳои Истиқлолият ибрози андеша намуданд.

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич минбаъд низ корҳои тарғиботию ташвиқотиро дар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти болоӣ ва вусъат бахшидани корьои ободонию созандагиро бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ густариш мебахшад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *