Рубрики
Асосӣ

ДЕВАШТИЧ: “Маркази ёрии иҷтимоӣ” маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор намуд.

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази ёрии иҷтимоӣ-и назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич  маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ доир шуд. Дар кори маҷлис масъулини Кумитаи иҷроияи Хизби Халқии Демократии Точикистон дар ноҳияи Деваштич Раҳбар Ёдгорова ва Нилуфар Носирова иштирок намуданд.

Сараввал ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии “Маркази ёрии иҷтимоӣ’ Солиева Лутфинисо оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда шунида шуд.

Бояд қайд намуд, ки дар доираи муқаррароти оинномаи ҲХДТ раиси ташкилоти ибтидоии ”Маркази ёрии иҷтимоӣ” бо тарафдории аксарияти аъзои ҳизб аз нав раиси ташкилот интихоб гардид.

Сипас намояндаи Кумитаи иҷроияи Хизби Халкии Демократии Точикистон дар  ноҳияи Деваштич Раҳбар Ёдгорова баромад карда, оид ба таҳкими фаъолияти ҳизбӣ ва масъулиятнокии ҳар як аъзои ҳизб суханронӣ намуд. Гуфта шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон яке аз ҳизбҳои пурнуфуз маҳсуб ёфта, дар самтҳои фаъолияти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат нақши муассир дорад. Ҳадафҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Оиннома ва барномаҳои ҳизбӣ ба таври возеҳу равшан инъикос ёфтааст. Ҳизб сохтори комил ва шеваи фаъолияти ба худ хосро доро буда, барнома ва стратегияи давлат меҳвари асоси фаъолияти ҳизб аст. Қайд гардид, ки ташкилотҳои ҳизбӣ роҳандозии чорабиниҳоро баҳри таҳкими ваҳдати миллӣ ва ризоияти ҷомеа ҳамеша густариш мебахшанд. 

Ҳамчунон нақши аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар рушду пешрафти ҳаёти  сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати мусоидат дар ҳалли мушкилоти мардум  хеле назаррас арзёбӣ карда шуд. 

 Таъкид гардид, ки вобаста ба ҷаҳони муосири зудтағйирёбанда аъзои ҳизбро зарур аст, ки фаъолияти худро бозбинӣ намуда, дар муборизаҳои иттилоотӣ баҳри ҳимояи манфиатҳои миллӣ пешқадаму фаъол бошанд.

Дар анҷом ба нафароне, ки иродаи сиёсии худро муайян намуда, аъзои ҲХДТ шуданд, шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *