Рубрики
Асосӣ

ДЕВАШТИЧ: Маъюбону ниёзмандон зери таваҷҷуҳи ҳизбиён қарор доранд.

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич   дар асоси дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ,  ба як нафар маъюби гурӯҳи якум нафақаи ҳизбии ҳармоҳа дар ҳаҷми 500(панҷсад) дастрас менамояд.

   Аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич нафақаи онҳо аввали ҳар моҳ дар манзили зисташон таъмин карда мешавад.

 Дар арафаи Иди Қурбон низ аз ҷониби масъулини кумиҷроия ба Бобоҷонов Ғайрат, ки маъюби гурӯҳи якум мебошад, нафақаи навбатии ҳизбӣ расонида шуд.

Бобоҷонов Ғайрат сокини деҳаи Ғазантарак буда, аз ин иқдоми ҳизбиён  хеле хушнуд мебошад ва дар як вақт ба Роҳбарияти Олии ҲХДТ миннатдории худро баён менамояд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *